Маҷаллаи илмии «Паёми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони донишкада, инчунин дигар мактабҳои олии мамлакат ва кишварҳои дуру наздик ба нашр мерасанд.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд. Маҷаллаи мазкур дар як сол на кам аз 4 шумора ба нашр мерасад. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёфт мегарданд, мувофиқат менамоянд.
Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки дар мувофиқа бо бахшҳои маҷалла барои чоп пешкаш мегарданд, бо мақсади баҳогузории экспертӣ барои гирифтани тақриз супорида мешаванд. Ҳамаи муқарризон мутахассисони варзидаи бахшҳои маҷалла мебошанд ва дар соҳаи худ маводҳои гуногуни чопнамуда доранд. Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.
Мундариҷаи маҷалла дар Китобхонаи илмии электронии (НЭБ eLIBRARY.RU) дар шакли пушида пешниҳод шудааст. Маҷалла дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) мавриди баррасӣ қарор дорад. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи расмии он дастрас мебошад. Ҳамаи маълумотҳо дар сомонаи расмии маҷалла дастрас мебошанд.
Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 4 доктори илм ва 6 номзади илм иборат мебошад, ки онҳо кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ҳастанд. Ҳамаи аъзои ҳайати таҳририя мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.
Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодшуда тартиб дода шудаанд.
Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда ва калидвожаҳои худ мебошанд, ки онҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тартиб дода шудаанд.
Маҷалла дорои рақами байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN 3078-3402).
Маҷалла дар китобхонаи илмии электронии КиберЛенинка сабт буда, ҳар як мақола дар шакли кушода дар он ҷойгир карда мешаванд.
Маҷалла мақолаҳои илмиро дар соҳаҳои зерин қабул мекунад: илмҳои ҳуқуқшиносӣ, таърих ва филология.
Найдите нас
Адрес
123 Мейн стрит
Нью Йорк, NY 10001
Часы
Понедельник—пятница: 9:00–17:00
Суббота и воскресенье: 11:00–15:00
